Ба гузориши агентии хабарии Абно ба нақл аз Рейтер, дипломатҳо эълом карданд, ки ИМА пеш аз нишасти Шӯрои ҳокимони АБЭА лоиҳаи як қатъномаро алайҳи Эрон таҳия мекунад.
Онҳо илова карданд, ки ин нишаст ҳафтаи оянда баргузор хоҳад шуд. Ҷузъиёти лоиҳаи қатъномаи мазкур маълум нест.
Ин амали душманонаи ИМА алайҳи Эрон дар ҳангоми гуфтушунидҳо оид ба тамдиди оташбас ва созиш байни онҳо сурат мегирад.
Чанд соат пеш низ Вазорати хизинаи ИМА аз татбиқи таҳримҳои нав алайҳи Эрон хабар дода буд.
Your Comment